Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ номаи табрикотӣ ирсол намуда, дар он ҳунарнамоии муваффақонаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ махсус қайд кард.
«Муҳтарам президент, ба шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳунарнамоии муваффақонаи дастаатон дар Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасони то 17-сола, ки натиҷаи он роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2026 гардид, табрикоти самимии худро иброз менамоям.
Шавқу рағбат ва садоқате, ки даста дар ҷараёни мусобиқот нишон дод, сазовори баҳои баланд аст. Ба мунтахаби Тоҷикистон дар омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон барору комёбӣ орзу намуда, бовар дорам, ки даста Осиёро дар ин мусобиқот шоиста намояндагӣ хоҳад кард.
Лутфан табрикоти маро ба бозигарон ва ҳайати мураббиён ба муносибати ин дастовард расонед», – гуфта мешавад дар номаи президенти КФО.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 бар дастаҳои Тайланд (2:0) ва Мянмар (1:0) пирӯз шуда, бо тими Арабистони Саудӣ мусовӣ (5:5) кард. Дар даври чорякниҳоӣ бошад, наврасони мо аз мунтахаби Ҷопон (0:5) шикаст хӯрданд.