Гуландом Халилова дар бозии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2025/26 миёни бонувон ҳамчун корманди тиббӣ фаъолият кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гуландом Халилова дар бозии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2025/26 миёни бонувон ҳамчун корманди тиббӣ фаъолият кард

Духтури тими миллии занонаи Тоҷикистон Гуландом Халилова дар бозии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2025/26 миёни бонувон ҳамчун корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё коркард.

Ӯ дар бозии байни дастаҳои «Вуҳан Сзянда» (Чин) ва «Сувон» (Кореяи Ҷанубӣ), ки дар Чин баргузор шуда, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи дастаи кореягӣ анҷом ёфт, адои вазифа намуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2021 инҷониб Гуландом Халилова мунтазам ба вазифаи корманди тиббии Конфедератсияи футболи Осиё даъват карда мешавад.

Назари худро бинависед