Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисон барои дастгирии фаъолона ва содиқонаи тими миллии Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин (1:1) изҳори сипоси самимӣ менамояд. Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт – дастоварде, ки барои тамоми кишвар мояи ифтихор аст.
Ин бозӣ 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гардида, 15 200 тамошобинро гирд овард.
Ташаккур ба ҳамаи мухлисон, ки ба варзишгоҳ омада, фазои воқеан зебо ва пурэнержиро фароҳам оварданд ва аз дақиқаҳои аввал то охирин дастаи худро дастгирӣ карданд. Нерӯ, садоқат ва эътиқоди шумо қисми муҳими ин натиҷа гардид. Мо аз гурӯҳҳои мухлисони дастаҳои футболи Тоҷикистон барои фаъолияташон самимона миннатдорем – дар ин рӯз ҳама барои як ҳадафи муштарак муттаҳид шуда, қудрати воқеии ягонагиро нишон доданд.
Мо инчунин миннатдории махсуси худро ба телевизиони «Варзиш» барои дастгирии иттилоотӣ ва инъикоси васеи бозӣ, ҳамчунин ба раиси Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов ва ҳамаи блогероне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастаи моро фаъолона дастгирӣ карда, ҳазорҳо мухлисонро дар саросари кишвар илҳом бахшиданд, баён менамоем.
Ташаккури зиёд ба ҳамаи хадамот ва мутахассисоне, ки дар ташкили бозӣ саҳм гузоштанд – кормандони варзишгоҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони тиб, волонтёрон ва ҳайати техникӣ. Ба шарофати касбият ва кори ҳамоҳангшудаи шумо, ин вохӯрӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Якҷоя – ба сӯйи пирӯзиҳои нав!