Мунтахаби Тоҷикистон дар даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Филиппин бо либосҳои сафед бозӣ мекунад.
Қабл аз ин вохӯрӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе бо ширкати масъулон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Филиппин ҷаласа баргузор шуд.
Дастаҳо ранги либосҳои худро барои рақобати интизор муайян карданд. Дастаи Тоҷикистон либоси сафеди анъанавии худро ба бар карда, Филиппин бо пироҳани кабуд ба майдон мебарояд.
Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин рӯзи 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз мешавад.