Пеш аз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон, ситоди мураббиён ва кормандони маъмурии тими миллии Тоҷикистон мулоқот баргузор кард.
Вохӯрӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе, ки ҳайати мунтахаб он ҷо будубош дорад, дар фазои гарму самимӣ баргузор шуд. Дар мулоқот бо даста ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Аҳтам Абдуллозода, котиби генералии Федератсия Фурқат Ахмедҷонов, директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков ва роҳбари раёсати дастаҳои мунтахаби ФФТ Меҳроҷ Холов иштирок карданд.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба даста дар бозии муҳими марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 барору муваффақият орзу намуда, изҳори итминон карданд, ки бозигарон хислат, ирода ва рӯҳияи баланди дастаҷамъона нишон медиҳанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дастгирии федератсия ва мухлисон ҳамеша бо тими миллӣ аст ва ҳар як бозӣ имконияти арзандаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Аз номи дастаи мунтахаби кишвар сармураббӣ Горан Стеванович ва капитани даста Аҳтам Назаров ба роҳбарияти ФФТ барои таваҷҷуҳ ва суханони рӯҳбаландкунанда изҳори сипос карданд. Онҳо зикр намуданд, ки чунин мулоқотҳо пеш аз бозиҳои муҳим ба бозигарон неруи тоза бахшида, фазои ягонагӣ ва масъулиятшиносиро дар даста боз ҳам таҳким медиҳанд.