Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бар Малдив пирӯз шуд.
Ин бозӣ имрӯз, 14 октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев муаллифи дубл шуда, Манучеҳр Сафаров як голи дигарро ба самар расонид.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад. Ин дидор 18 ноябр дар шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад.