Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Ӯзбекистон бозии санҷишӣ анҷом дод.
Ин бозӣ имрӯз, 16 август дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд доир шуда, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Қаблан футзалбозони мо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Тошканд бо бошгоҳи футзали «SQB» бозии саҷишӣ анҷом дода, аз ҳариф бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор Бахтиёр Солиев ва Идрис Ёров заданд.
18 август мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии шаҳри Тошканд рақобати санҷишии сеюмро анҷом медиҳад. Ин дафъа ҳарифи миллипӯшони мо қаҳрамони феълии Ӯзбекистон дастаи «ВМВ» мебошад.