Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО ва блогерон! Дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷиро барои инъикоси бозиҳои «CAFA Nations Cup 2025», ки аз 29 август то 8 сентябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд, эълон мекунад.
Дар гурӯҳи «В» тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон рақобат мекунанд.
Дархостҳоро барои аккредитатсия бо акс ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристед. Дар дархост маълумотҳои зеринро дарҷ намоед: ном ва навъи ВАО (матбаҳои чопӣ, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигор ва рақами телефон.
Дархостҳо то соати 18:00-и рӯзи 20 август қабул карда мешаванд. Баъд аз ин муҳлат равоншуда, БЕЭЪТИБОР ДОНИСТА МЕШАВАД!
Бейҷҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон рӯзи 28 август дар нишасти матбуотии пеш аз мусобиқа супорида мешаванд.
Маълумоти бештар: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).