Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Шавкат Ахмедов, ки бинобар вазъи саломатӣ ва синну сол аз вазифаи роҳбари дастгоҳи ФФТ канор меравад, миннатдории самимӣ баён мекунад.
Фаъолияти Шавкат Аъзамович дар Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2002 оғоз шуда, дар ин муддат ӯ роҳбарии шуъбаи баргузории мусобиқаҳо, директори техникӣ ва солҳои охир роҳбарии дастгоҳи ФФТ-ро бар ӯҳда дошт.
Бо шарофати маҳорати баланди касбӣ, фидокорӣ ва таҷрибаи бебаҳои худ Шавкат Ахмедов дар рушд ва оммавигардонии футбол дар кишварамон саҳми арзанда гузошт. Фаъолияти ӯ ҷузъи муҳими таърихи ФФТ мебошад.
Дар оянда Шавкат Аъзамович ба ФФТ ҳамчун мушовир кӯмак карда, таҷриба ва дониши ғании худро ба ҷавонон меомӯзонад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Шавкат Ахмедов барои ҳамкориҳои чандинсола ва фаъолияти пурсамар самимона изҳори сипос намуда, ба ӯ саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва умри дароз таманно дорад.