Зиёвуддин Фузайлов аз ҳақи ширкат дар ду бозӣ маҳрум шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Зиёвуддин Фузайлов аз ҳақи ширкат дар ду бозӣ маҳрум шуд

Имрӯз, 29 июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари Кумита ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ баргузор шуд ва дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул гардиданд:

– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (барқасдона бо пой зарба задан ба бозигари дастаи ҳариф) дар бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Канд” – “Барқчӣ” (24 июл), бозигари дастаи “Барқчӣ” Зиёвуддин Фузайлов аз  ҳууи иштирок кардан дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (қасдан задани бозигари ҳариф) дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни  дастаҳои “Исфара” – “Зарафшон” (19 июл) бозигари дастаи “Зарафшон” Нормаҳмад Бегов аз  ҳақи иштирок дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (қасдан задани бозигари ҳариф) дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни  дастаҳои “Исфара” – “Зарафшон” (19 июл) бозигари дастаи “Исфара” Сӯҳроб Баҳодуров  аз  ҳақи иштирок дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии сабқати Лигаи якуми  Тоҷикистон байни дастаҳои “Локомотив”  – “Коммуна”  (20 июл) бозигари дастаи “Локомотив” Умедҷон Бадалов аз  ҳақи иштирок кардан дар 1  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Парвоз”  – “Ваҳдат”  (24 июл) бозигари дастаи “Ваҳдат” Маҳмадалӣ Муҳаммадраҳимов аз  ҳақи иштирок кардан дар 1  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири сардовари бозӣ) дар бозии марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Парвоз”  – “Ваҳдат”  (24 июл) бозигари дастаи “Ваҳдат” Суннатулло Мадалиев аз  ҳақи иштирок кардан дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (риоя накардани низомномаи баргузории мусобиқа) дар бозии сабқати Лигаи якуми  Тоҷикистон байни дастаҳои “Зарафшон”  – “Кӯктош”  (27 июл)  дастаи “Зарафшон” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

Добавить комментарий