Зайниддин Раҳимов: “Баъди майдонро тарк кардани бозигарамон, мо тарзи бозиро тағийр кардем” – Федерация Футбола Таджикистана

Зайниддин Раҳимов: “Баъди майдонро тарк кардани бозигарамон, мо тарзи бозиро тағийр кардем”

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди ғалабаи дастааш дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии сабқати байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон, бар мунтахаби наврасони Қирғизистон (2:1) андешаҳояшро нисбати бозӣ чунин баён кард:

– Баъди майдонро тарк кардани бозигарамон ба мо лозим шуд, ки тарзи бозиямонро дигар кунем. То ин лаҳза мо тӯбро хубтар идора мекардем, аммо зарур шуд, ки бозиро бо як ҳамлагар созем. Ва боз ба мо муяссар шуд, ки аз ҳамлаи ҷавобӣ истифода карда, гол занем.

Шумо бозигарони боқуввате доред, ки бо амали инфиродии худ бозии дастаро тақвият диҳанд?

– Ман қаблан ҳам гуфтам, ки корти сурх нақшаҳои моро ба бозӣ дигар кард. Бозии дирӯзаи мо бисёр вазнин буд ва на ҳамаи бачаҳоямон пурра барқарор шуданд. Ҳар хеле набошад, мо ба муқобили Испания бозӣ кардем.

Добавить комментарий