Зайниддин Раҳимов: “Аз натиҷа қаноатмандаму аз бозӣ не” – Федерация Футбола Таджикистана

Зайниддин Раҳимов: “Аз натиҷа қаноатмандаму аз бозӣ не”

Сармураббии мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов, новобаста аз ғалаба бо ҳисоби калони 5:1 бар наврасони Туркманистон, дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ иброз намуд, ки аз бозии шогирдонаш қаноатманд нест.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон:

– Ман аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам, аммо аз худи бозӣ на он қадар. Бозигарони калидие, ки мо ба онҳо умед бастем, имрӯз ба таври зарурӣ ва мувофиқи талаботу хоҳиши мо бозӣ накарданд. Айни ҳол бозии дастаи мо лаҳза ба лаҳза пайдо мешаваду пеш меравад. Ҳисоби калон дар ин вохӯрӣ маънои онро надорад, ки ғалаба ба осонӣ насиби мо шуда бошад. Туркманҳо ҳам ҳолатҳои зиёди голзанивро созмон дода, ба асабҳои мо зиёд расиданд.

– Шумо чӣ фикр доред, оё дастаатон имконияти ғалаба бар Катар ва дар маҷму баромадан ба марҳилаи ниҳоиро дорад?

– Ман ҳанӯз пас аз бозӣ бо Ироқ гуфта будам ва боз ҳам такрор мекунам, ки имконият ҳамеша вуҷуд дорад ва ҳоло ҳама чӣ аз даст нарафта аст. Мо то охир ҷаҳду талош хоҳем кард. Он тавре, ки мегӯянд, ба умеди Худо шаву, аммо худат ҳам саҳву хато накун.

– Дар даври охирин бо сабаби зиёд будани кортҳои зард ду нафар бозигари ҳайати асосии мунтахаби шумо бозӣ намекунад…

– Мутаассифона, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов имрӯз боз бо корти зард огоҳонида шуданд, ки дар ин мусобиқа барояшон дуюм мебошад ва дар бозӣ бо Қатар ҳуқуқи ба майдон баромаданро надоранд. Аммо, дар мо бозигароне ҳастанд, ки онҳоро иваз намоянд..

Добавить комментарий