Зайниддин Раҳимов: “Аламовар аст, ки мо аз гурӯҳ баромада натавонистем” – Федерация Футбола Таджикистана

Зайниддин Раҳимов: “Аламовар аст, ки мо аз гурӯҳ баромада натавонистем”

Сармураббии мунтахаби наврасони зери 16 солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов ғалабаи дастаашро бар Қатар (1:0) дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “С” чунин шарҳ дод:

Дар бозӣ бо Қатар мо танҳо бо мақсади ғолиб шудан ба майдон баромадем. Ҳарифро хуб омӯхтем ва наворҳои бозияшро бо Туркманистону Ироқ тамошо карда, ба хулосае омадем, ки бозии дастаи Қатар аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ сурат мегирад. Ба ин тартиб, мо аз дақиқаҳои аввали бозӣ футболи ҳуҷумиро интихоб кардем.дар қисми дуюм мунтахаби Қатар бозиашро андак тағийр кард. Фикр мекунам аз ҳисоби бозигарони ивазшуда, ба мо даст дод, ки суръати бозиро тезонида ба задани гол муваффақ Мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб ба брзигарони худ барои ҷаҳду талош, матонат ва қавииродагияшон сипосгузорӣ баён кунам. Ҳар ан чӣ, ки имрӯз аз мо вобастагӣ дошт, онро мо пурра иҷро кардем.

Аммо бисёр бароямон аламовар аст, ки шаш имтиёзро соҳиб шуда, мо дар натиҷа аз гурӯҳ баромада натавонистем. Ду дақиқаи фалокатбореро, ки давоми онҳо дар охири қисми якуми бозӣ бо Ироқ, ба дарвозаи дастаи мо ду гол зада шуд, ман то ҳол ба худ бахшида наметавонам. Мо вазифадор будем, ки дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунем. бароем. Ва мо бо ситоди мураббиён бовар доштем, ки ба финали чемпионати Осиё-2016 мебароем. Мутаассифона ин нақшаамон амалӣ нагашт. Бисёр аламовару маҳзункунанда аст, ки вазифаи дар наздамон гузошташударо иҷро карда натавонистем”, – гуфт Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ.

Добавить комментарий