Яман – аввалин рақиби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 – Федерация Футбола Таджикистана

Яман – аввалин рақиби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019

Мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019  дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Филиппин, Яман ва Непал баромад мекунад, бозии якуми худро муқобили Яман дар сафар мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 28-уми март дар майдони бетараф, дар Дохаи Қатар доир хоҳад шуд.

Баъд аз бозӣ бо Яман дружинаи Ҳаким Фузайлов дар даври дуюи, дар майдони худ бо Филиппин қувва меозмояд. Ин вохӯрӣ рӯзи 13 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар даври сеюми мусобиқа, ки 5 сентябр доир мешавад, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар сафар бо мунтахаби Непал вомехӯрад. Даври чоруми мусобиқа  рӯзи 10 октябр доир мегардад ва дар он тими миллиямон дар майдони худ бо мунтахаби Непал рақобат мекунад. Дар даври пеш аз ҷамъбастии панҷум бошад, командаи Ҳаким Фузайлов рӯзи 14-уми ноябр дар майдони худ бо тими миллии Яман рӯбарӯ мешавад. Бозии ҷамъбастии худро дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 27 марти соли 2018 дар сафар муқобили Филиппин мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 барои бори аввал аст, ки 24 мунтахаб иштирок мекунанд. 12 мунтахаб аллакай маълум аст. Инҳо дастаҳое мебошанд, ки айни замон дар марҳилаи интихобии сеюми Ҷоми ҷаҳон-2018 баромад доранд. Ба ин шумора шомил мешаванд: Австралия, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Эрон, Узбекистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Таиланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб. 24 мунтахаб барои 12 роҳхати боқимонда дар марҳилаи интихобӣ талош хоҳанд кард.

Бар асоси қуръакашии имрӯзаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 шаш гурӯҳи чор дастагӣ созмон дода шуд, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи мақомҳои аввал ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019

Гурӯҳи «А»: Қирғизистон, Ҳиндустон, Мянма, Макао.

Гурӯҳи «В»: ҶХДК, Ҳонконг, Лубнон, Малайзия.

Гурӯҳи «С»: Урдун, Ветнам, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «D»: Умон, Фаластин, Молдив, Бутан.

Гуруҳи «E»: Баҳрайн, Туркманистон, Тайван, Сингапур.

Гурӯҳи «F»: Филиппин, ТОҶИКИСТОН, Яман, Непал.

 

Тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

28 март (сешанбе)

Яман – ТОҶИКИСТОН

Филиппин – Непал

 

Даври 2-юм

13 июн (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Филиппин

Непал – Яман

 

Даври 3-юм

5 сентябр (сешанбе)

Непал – ТОҶИКИСТОН

Филиппин – Яман

 

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Непал

Яман – Филиппин

 

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Яман

Непал – Филиппин

 

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – ТОҶИКИСТОН

Яман – Непал

Добавить комментарий