Виталий Левченко: «Роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон – ин орзуи мо аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон – ин орзуи мо аст»

Дар арафаи баргузории даври якуми марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола, дар гурӯҳи «D», имрӯз 14-уми октябр, дар меҳмонхонаи «Дипломат Рэдиссон Блу» дар Манамаи Баҳрайн нишасти хабарии пеш аз бозӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо доир гардид. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баромадашро дар мусобиқа аз бозӣ бо Узбекистон оғоз мекунад. 

 

Виталий Левченко, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:

– Гурӯҳи мо яке аз пурқувваттарин гурӯҳҳои мусобиқа мебошад. Чунин мешуморам, ки ду дастаи ин гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд. Ин назари инфиродии ман аст. Рақибони мо ҳамаашон дастаҳои пурқувват ва корозмудаанд. Мо дар бораи онҳо маълумот дорем ва бозиҳо бо иштироки ин дастаҳоро низ тамошо карда, таҳлил кардаем.

– Дар назди дастаи шумо дар марҳилаи интихоби чемпионати Осиё-2016 чӣ вазифа гузошта шудааст? Айни замон  дар дастаатон чӣ гуна муҳит ҳукумрон аст?

– Кадом аскар намехоҳад, ки генерал бошад ва ҳамин хел, кадом футболбоз намехоҳад, ки дар чемпионати ҷаҳон бозӣ кунад?! Ҳар як мунтахаб дар назди худ вазифаҳои баландтаринро мегузорад, ки мунтахаби ҷавонони мо низ дар ин миён истисно нест. Мо ҳам мехоҳем, ки аз гурӯҳ баромда, ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёбем. Ин орзуи мо аст! Аммо, дар асл он чӣ гуна амалӣ мешавад, инро рафти мусобиқа маълум хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, дар нази мо ҳам аз ҳама вазифаҳои балантарин гузошта шудаанд. Дар даста бошад, муҳити корӣ ҳукмрон аст. Бачаҳо машқ мекунанд ва албатта, хоҳиши хуб бозӣ кардану худро нишон доданро доранд. Мо барои ба даст даровардани натиҷаи дилхоҳ, ки онро аз мо интизор ҳастанд, кӯшиш мекунем.

Ҷасур Абдураимов: сармураббии мунтахаби ҷавонони Узбекистон:

– Мунтахаби мо ба ин мусобиқа бисёр хуб омода шудаст. Дар бораи гурӯҳ бошад ҳаминро гуфтаниям, ки гурӯҳи баробар аст. Дар марҳилаи ниҳоӣ рақибони заиф нестанд.

– Дар бораи рақиби худ дар бозии пагоҳ – мунтахаби Тоҷикистон чӣ гутф метавонед? 

– Тоҷикон, пеш аз ҳама наздиктарин дӯстону бародарони мо ҳастанд, ки дар паҳлӯямон қарор доранд.  Он чи, ки аз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ман писанд аст – ин хислати ҷангӣ доштани бозигаронаш аст. Фикр мекунам, ки пагоҳ бозии бисёр хуб мешавад.

Добавить комментарий