Виталий Левченко: «Мушкили асосии мо – амалӣ накардани ҳолатҳои хуби голзаниямон аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Мушкили асосии мо – амалӣ накардани ҳолатҳои хуби голзаниямон аст»

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Виталий Левченко баъд аз бохти дастаи худ аз Литва аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ дар нишасти хабарӣ мушкили асосии шогирдонашро – амалӣ накардани ҳолатҳои хуби бавуҷудовардаи голзанияшон номид. 

«Шарҳи ман дар ин маврид хеле кӯтоҳ аст: барои дар бозӣ ғолиб шудан, гол задан лозим. Мутаассифона, айни замон мушкили асосии мо амалӣ накардани ҳолатҳои хуби голзании бавуҷудовардаамон мебошад.  Дар ҳолате, ки бачаҳо аз пеналтӣ ба дарвоза расонида наметавонанд, оиди аз бозӣ гол задани онҳо сухан гуфтан бемантиқ аст.  Ин ҷо бояд қайд кунам, ки мо акнун ба роҳи худ оғоз мекунем. Дар ин мазу навакак бо ситоди мураббиёнамон низ гуфтугӯ доштем. Аммо, агар ба таври ҳақиқӣ баҳогузорӣ кунем, дар ин мусобиқа дастаи мо танҳо аз мунтахаби Булғористон мағлуб шуд. Ҳатто дар ҳамон бозӣ ҳам Тоҷикистон имкони ғалаба карданро дошт. Агар бачаҳо аз тамоми ҳолатҳои бавуҷудовардаи голзанияшон истифода мекарданд, албатта натиҷа дигар мешуд. Айни замон бошад, ҳамаи инҳоро фаромӯш бояд кард. Мо ба ҳолати ногувор афтитем. Аз ин ҳолат ба таври сазовор баромаданамон лозим аст» – гуфт, сармураббӣ Виталий Левченко.

Добавить комментарий