Виталий Левченко: «Ман аз амалҳои дастаӣ розиям» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Ман аз амалҳои дастаӣ розиям»

Баъд аз бозии дӯстона байни мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) сармураббиёни дастаҳо, мутаносибан Виталий Левченко ва Валерий Березовский дар нишасти хабарӣ назари худро оиди бозӣ баён намуданд.

 

Виталий Левченко, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон:

Дар ин бозӣ чор гол зада шуд ва бовар дорам, ки бозӣ ба мухлисон писанд омад. Ман аз амалҳои дастаӣ розиям, вале ба бозии инфиродӣ эроди зиёд дорам, иштибоҳҳо дар хати дифоъ бисёр буд. Сари ин масъалаҳо андеша мекунем. То оғози Ҷоми Осиё вақти кам мондааст. Мо ҷамъомади таълимиву тамринии ояндаи худро охири моҳи июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуда, аз он ҷо барои иштирок дар нахустин мусобиқаи байналилалии «CAFA Cup – U-19» ба Тошканди Узбекистон сафар мекунем.

 

Валерий Березовский, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Қирғизистон:

Чунин бозиҳо барои таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони ҳарду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Бозӣ шавқовар гузашт ва мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омаданд, аз тамошои он қаноатманд гардиданд. Мо кӯшиш кардем ҷараёни бозиро таҳти назорати худ бигирем, вале ин ба мо муяссар нашуд. Ин аввалин бозии расмии мо буд. Умуман, ман аз бозии дастаам ва натиҷаи бозӣ қаноатмандам, вале камбудиҳои зиёд ҳастанд, ки минбаъд баҳри ислоҳи онҳо кор мекунем. Бо истифодаи аз фурсати муносиб мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи гарм ва пазироии самимонаашон изҳори сипосгузорӣ баён кунам.

Добавить комментарий