Виталий Левченко: «Дар бозии аввал ҳамеша ҳолати изтироб эҳсос мешавад» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Дар бозии аввал ҳамеша ҳолати изтироб эҳсос мешавад»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Виталий Левченко бозии шогирдонашро дар даври аввали мусобиқаи ёдгории Валентин Гранаткин муқобили яке аз дастаҳои пурқуввати мусобиқа мунтахаби Юнон, ки дар он дастаи ӯ бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз гардид, чунин шарҳ дод:

«Дар бозии аввал ҳамеша ҳолати изтироб эҳос мешавад. Дақиқаҳои аввали бозӣ ташаббус ҷониби бачаҳои мо буд. Баъд аз дақиқаҳои 20-ум бартарият ҷониби дастаи ҳариф гашт ва онҳо муваффақ шуданд, ки чанд ҳолати мушкилро назди дарвозаи мо ба вуҷуд биёранд. Дар қисми дуюм бошад ба мо муяссар шуд, ки рафти бозиро ба манфиати худ тағйир диҳем. Бачаҳо осуда шуда, он бозиеро нишон доданд, ки мо онро аз онҳо талаб дорем. Алабатта, гуфтан мумкин аст, ки шояд дар ҷое кори мо омад карда бошад, аммо аз назари инфиродии ман натиҷаи бозӣ мувофиқи қонун аст. Инро низ бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи январ аст ва бачаҳои мо ба наздикӣ ҷамъ шуда ба тамрин шурӯъ карданд. Ҳолати омодагии ҷисмонии бачаҳо мутафовит аст ва албатта он беҳбудиро мехоҳад. Маълум аст, ки дар даста баъзе мушкилиҳо ҷой  доранд ва дар бораи ҳар яки онҳо сухан рондан айни замон мазмун надорад. Дастаи мо хеле ҷавон аст ва хушбинкунанда барои ман он аст, ки миёни бозигарон ва ситоди мураббиён ҳамдигарфаҳмӣ ҷой дорад. Дар Мусобиқаи ёдгории Гранаткин иштирок намуда, мо ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё, ки моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, тайёрӣ мебинем.  Дар ин мусобиқа бошад, ният дорем бозии хуб нишон диҳем. Ҳар як мураббӣ орзу мекунад, ки барои якдигарро иваз намудан бозигарони хуб дошта бошад. Мутаассифона, Тоҷикистон он қадар кишвари калон нест ва чунин захираву имкониятҳоро ба монанди Русияву Юнон надорад. Он бозигаронеро, ки имрӯз шумо дидед, бозигарони ҳайати асосии дастаи мо ҳастанд ва дар ин мусобиқа вазифаи худро маҳз онҳо бояд анҷом кунанд. Албатта, дар мо низ бозигарони захиравӣ ҳастанд ва ҳар кадоме, ки аз онҳо худашро хуб нишон диҳад, албатта ба ҳайати асосӣ шомил гардонида мешавад».

Добавить комментарий