VIP-билетҳои бозии Тоҷикистон – Урдун ба фурӯш бароварда мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

VIP-билетҳои бозии Тоҷикистон – Урдун ба фурӯш бароварда мешаванд

Шӯъбаи маркетинги Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозиҳои хонагии тими миллии кишвар дар марҳилаи гурӯҳии интихобии ҶҶ-2018 VIP-билетҳоро ба фурӯш мебарорад, ки ин барои бори аввал аст.

ФФТ оиди фурӯши VIP-билетҳо бо ширкати TAG, ки ба фаъолияти маркетинги варзишӣ машғул аст, шартнома баст. VIP-билетҳо ба бозии аввали хонагии мунтахаби миллии Тоҷикистон  дар доираи марҳилаи гурӯҳии интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Урдун, аз таърихи 27-уми май ба фурӯш бароварда мешаванд. Бозӣ рӯзи 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 20.00 доир мегардад.

Шахсоне, ки VIP-билетҳоро харидорӣ кардаанд, бозии тими миллии кишварро аз нишастгоҳи бофароғати VIP-ложаи варзишгоҳ тамошо мекунанд. Вурудшавӣ ба варзишгоҳ низ тавассути VIP-даромадгоҳи махсус сурат мегирад. Дар танаффуси бозӣ дорандагони VIP-билетҳо бо ғизо таъмин карда мешаванд.

Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст. Ҳамаи билетҳо тариқи дархости пешакӣ фурӯхта мешаванд. Нархи як дона VIP-билет 700 сомониро ташкил медиҳад. VIP-билетҳоро метавонед бо телефонии 98-755-35-35 дархост кунед.

Добавить комментарий