Виктор Херманс: «Дарвозабони Тоҷикистон беҳтарин буд» – Федерация Футбола Таджикистана

Виктор Херманс: «Дарвозабони Тоҷикистон беҳтарин буд»

Сармураббии мунтахаби миллии футзали Тайланд, мутахассиси ҳоландӣ Виктор Херманс дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 байни мунтахабҳои Тайланд ва Тоҷикистон (5:4) назари худро оиди вохӯрӣ баён намуда, дарвозабони мунтахаби футзали Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродовро беҳтарин бозигари ин дидор номбар кард.

Виктор Херманс, сармураббии мунтахаби Тайланд:

– Дар нишасти хабарии пеш аз оғози мусобиқа ман гуфтам, ки дар ҳоле мунтахаби Қазоқистон чемпиони феълии Аврупо – Италияро мағлуб кард, барои чӣ фарз кардем Тоҷикистон наметавонад  бар Тайланд пирӯз шавад? Ман чунин мешуморамм, ки дастаи маро имрӯз бахташ хандид. Аммо, мунтахаби Тоҷикистонро, ки имрӯз бисёр бозии хуб гузаронид, андаке кораш омад накард. Росташро гӯям, мо аз Тоҷикистон чунин бозиро интизор набудем. Дар оянда кӯшиш ммекунемм, ки бозии беҳтарро нишон диҳем. Хушбахтам, ки имрӯз соҳиби се имтиёзи аввалин шудем. Ман аз бозии хати ҳимояи шогирдони худ қаноатманд нестам. Хати ҳимояи мо имрӯз ниҳоят заиф буд. Аз нигоҳи ман дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон сазовори таърифу тавсиф аст. ӯ имрӯз олӣ бозӣ кард! Бешубҳа, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин бозигари вохӯрии имрӯза буд. Ӯ ояндаи хуб ва дурахшон дорад.

Добавить комментарий