Варзишгоҳи “Ҳосилот” аз гузаронидани ду бозии навбатӣ маҳрум гардонида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Варзишгоҳи “Ҳосилот” аз гузаронидани ду бозии навбатӣ маҳрум гардонида шуд

Варзишгоҳи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор баъд аз бозии даври ҳаждаҳуми сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Ҳосилот”-и Фархор ва “Ҳулбук”-и Восе, бо қарори Кумитаи интизоми ФФТ аз гузаронидани ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳосилот» – «Ҳулбук» (10 октябр), риоя накардани банди 8-и боби 5-и Кодекси интизоми ФФТ (аз ҷониби мухлисон риоя нашудани тартибу интизом дар варзишгоҳ), варзишгоҳи бозиҳои хонагии дастаи “Ҳосилот” дар ноҳияи Фархор ҳуқуқи гузаронидани ду бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳосилот» – «Ҳулбук» (10 октябр), риоя накардани банди 6-и боби 5-и Кодекси интизоми ФФТ (худсарона тарк кардани майдон ва саракшӣ кардан аз идомаи бозӣ), ба дастаи “Ҳулбук” бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 3 ҳисобида шавад.

Добавить комментарий