Узбекистон – Тоҷикистон: дар бозии дуюм мизбонон ғолиб шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Узбекистон – Тоҷикистон: дар бозии дуюм мизбонон ғолиб шуданд

Имрӯз, 13 июл, дар Тошканд мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дуюми худро бо мунтахаби миллии футзали Узбекистон баргузор намуд. Баъд аз мусовӣ дар бозии аввал (3:3) ин бор ба футзалистони узбек муяссар шуд, ки бо ҳисоби минималии 2 бар 1 дастболо шаванд.

Қисми аввали вохӯрӣ ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 10-уми бозӣ Илҳом Раҷабов боз кард. Дар дақиқаҳои охири қисми якум Нодир Элбоев голи дуюми футзалистони узбекро ба самар расонд. Дар қисми дуюм футзалбозони тоҷик муваффақ шуданд, ки ба дарвозаи мизбонон ЧК гол зананд. Голро муаллифи хет-трики бозии аввал Файзалӣ Сардоров ба нишон расонд. Дар вақти боқимонда бозигарони футзали мо лаҳзаҳои зиёди голзаниро ташкил доданд, вале мутаассиона онҳоро амалӣ карда натавонистанд. Ба ин тартиб, бозии дуюми дӯстона бо ҳисоби минималии 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони паркет – витсе-чемпиони Осиё поён ёфт.

Бозии ҷамъбастии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Узбекистон пагоҳ, 14-уми июл, соати 17.00 дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад. 

 

Бозии дӯстона

Узбекистон – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Илҳом Раҷабов, 10 (1:0). Нодир Элибоев, 20 (2:0). Файзалӣ Сардоров, 34 (2:1).

Узбекистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Шавкат Иброҳимов, Дилмурод Шавкатов, Илҳом Раҷабов, Дилшод Ирсалиев, Элдор Ҳошимов.

Ивазкунандаҳо: Равшан Элибоев, Дилшод Раҳматов, Нодир Элибоев, Саид Ризо Миршарофов, Алан Аминов, Акбар Усмонов, Тоҳир Абдураззоқов, Алишер Иброҳимов, Машраб Одилов, Илҳом Ҳамроев.

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Фирӯз Бекмуродов, Мансур Мамедбабаев, Собирҷон Гуляков, Меҳрубони Тиллозода, Раҳмоналӣ Шарипов.

Ивазкунандаҳо: Муродулло Алиқулов, Умед Мирзораҳимов, Фирӯз Сангов, Фирдавс Тусматов, Умед Кузиев, Файзалӣ Сардоров, Фирӯз Юсуфзода, Дилшод Саломов, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов.

13 июл. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Добавить комментарий