Ҳусейн Шодиев: «Муҳимаш ба ҳаяҷон дода нашудан аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳусейн Шодиев: «Муҳимаш ба ҳаяҷон дода нашудан аст»

Имрӯз, 10 феврал, дар конфронс-толори меҳмонхонаи «Интернешнл Ташкент» нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳои иштирокчии чемпионати футзали Осиё-2016 дар гурӯҳи «С» доир гардид. Дар нишасти хабарӣ ба суолҳои хабарнигорон сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев низ посух дод.

 

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон:

«Дастаи мо яке аз ҷавонтарин дастаҳои мусобиқа ба шумор меравад. Бори аввал аст, ки мо дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё бе бозигарон аз футболи калон баромад мекунем. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта дар мо доир шуданд, собит сохтанд, ки мунтахаби Тоҷикистон тавони рақобат бо дастаҳоеро дорад, ки сатҳи маҳораташон хеле баланд аст.  Чунин меҳисобам, ки аз ҳама асосияш бачаҳо дар чунин сабқати бонуфуз ба ҳаяҷон дода нашаванд ва худро идора кунанд . Барои бисёрии бачаҳо ин мусобиқаи аввалин дар чунин сатҳ аст, ки онҳо баромад мекунанд. Мефаҳмам, ки онҳо, албатта,  эҳсоси ҳаяҷон мекунанд, аммо бояд кӯшиши  идора кардани худро кунанд. Вобаста ба мусобиқа бошад, ҳаминро гуфтанием, ки мақсади мо хуб баромад кардан ва баромадан аз гурӯҳ аст. Нисбати ҳарифонамон бошад эҳтироми зиёд дорем, аммо ҳеҷ гоҳ тан доданӣ нестем ва то охир мубориза мекунем. Пагоҳ мо баромадамонро аз  бозӣ муқобили яке аз дастаҳои фаворити мусобиқа – мунтахаби Таиланд оғоз мекунем. Чунин ҳисоб мекунам, ки дастаи Таиланд яке аз муддаиёни асосии унвони чемпиони футзали Осиё-2016 мебошад. Аз дастаи худ дар ин бозӣ  натиҷаи дилхоҳ ва баромади хубро интизор ҳастам.  Аз нигоҳи ман мунтахабҳои Япония, Эрон, Таиланд ва Узбекистон дастаҳои фаворити мусобиқаи имсола мебошанд».

Добавить комментарий