Ҳусейн Шодиев: «Мо ҳанӯз имконият дорем» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳусейн Шодиев: «Мо ҳанӯз имконият дорем»

Устоди мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, Ҳусейн Шодиев дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 байни мунтахабҳои Тайланд ва Тоҷикистон (5:4) назари худро оиди вохӯрӣ баён намуда, иброз дошт, ки аз нигоҳи ӯ мусовӣ дар ин бозӣ натиҷаи одилона мебуд.   

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:

– Дар навбати аввал мехоҳам ҳамтои худро ба ғалабаи нахустин дар ин мусобиқа табрик гӯям. Мо медонистем, ки мунтахаби Тайланд бозигарони соҳибтаҷриба дора два бозиро аз лаҳзаҳои аввал бо ҳуҷум оғоз мекунад. Барои ҳамин ба бозии дифоӣ омодагӣ гирифтем. Пеш аз бозӣ ман аз бачаҳо хоҳиш кардам, ки бо ҳарифон ҷафстар шуда, якдигарро  нигоҳ карда бозӣ кунанд. Агар ҳамаи лаҳзаҳои ба вуҷуд овардаи голзанияшонро амалӣ карда метавонистанд, мо ҳатто имкони ғалаба карданро ҳам доштем. Шояд, камтаҷрибагии бозигарони ҷавони мо низ ба натиҷа бетаъсир намонд.

Ҳангоми ҳисоби бозӣ 2 бар 2 баробар будан, мо се имконияти хеле хуби голзаниро доштем. Дида шуд, ки бозигаронамон ҳаяҷони худро идора карда натавонистанд. Ҳар хеле набошад, ин бозии аввалин дар чемпионат аст ва камтаҷрибагӣ баръало дида мешавад. Аз нигоҳи ман дар ин бозӣ мусовӣ натиҷаи одилонатар мебуд.

Чунин мешуморам, ки бояд ҳар чӣ тезтар бозӣ бо Тайландро фаромӯш карда, ба бозӣ муқобили мунтахаби Ветнам оммода шуданамон зарур аст. Мо, ҳанӯз ҳам имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорем ва барои амалӣ намудани ин мақсади худ, то охир талош мекунем!

Добавить комментарий