Ҳусейн Шодиев: «Аз бозигарон барои худфидоӣ ва аз мухлисон барои дастгирияшон сипосгузорам» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳусейн Шодиев: «Аз бозигарон барои худфидоӣ ва аз мухлисон барои дастгирияшон сипосгузорам»

Баъд аз анҷоми даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 байни мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистону Қирғизистон (2:3) нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар он ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо Ҳусейн Шодиев ва Андрей Полховский посух гуфта, назари худро оиди бозӣ баён карданд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон:

– Баъд аз бозӣ дар даври аввал бо мунтахаби Афғонистон, вохӯрии имрӯза бисёр ҷолибу тамошобоб ҷараён гирифт. Мо се бозӣ паидарҳам гузаронидем ва имрӯз андаке мондашавии бачаҳо эҳсос мешуд. Мо метавонистем, ки ғолиб шавем, агар дар вақти ҳисоби бозӣ 2 бар 2 будан аз имконияти голзаниямон истифода мекардем. Аммо натиҷа ҳамин шуд, ки дастаи рақиб имконияташро истифода карда тавонисту мо, не. Мунтахаби Қирғизистонро бо ғалба ва роҳхат ба марҳиаи ниҳоии чемпионати Оси-2016 табрик мекунам.

Дастаи мо ҷавон аст. Барои бисёрии бозигарон ин мусобиқа нахустин баромад дар сатҳи байналмилалӣ аст. Баромад аз чунин гурӯҳи пурқувват ба фикрам дастоварди хуб аст. Ҳеҷ кас аз мунтахаби Афғонистон чунин бозиро интизор набуд.

Мехоҳам ба бачаҳо барои худфидоияшон изҳори сипосгузорӣ баён кунам. Онҳо дар ҳар бозӣ ҷаҳду талоши зиёд карданд. Ба мухлисон низ барои дастгирии ҳамаҷонибаашон аз номи даста ташаккур мегӯям. Ба ташкилкунандагони мусобиқа бошад, сипосгузории алоҳида баён мекунам. Онҳо воқеан ҳам ин сабқатро дар сатҳи хеле баланд ташкил намуданд.

– Барои чӣ шумо ғамгин ҳастед?

– Росташро гӯям, андаке эҳсоси хастагӣ мекунам. Ҳар хеле набошад, мо ду ҳафта шуд, ки ин ҷо аз хона дур ҳастем. Боз мехоҳам бигӯям, ки гунаҳкорсозӣ аз ҷониби намояндаи мунтахаби Афғонистон на танҳо маро, балки тамоми бозигарони дастаро мушавваш сохт. Менеҷери мунтахаби Афғонистон моро гунаҳкор мекунад, ки бозиро ба Қирғизистон «додем». Барои мо ин таҳқир аст. Ягон хел «маслиҳат» набуд. Мо чунин бозиҳоро накардем ва ҳеҷ гоҳ нахоҳем кард!

_DSC9384Андрей Полховский, сармураббии мунтахаби Қирғизистон:

– Чунин меҳисобам, ки имрӯз мо нисбати ҳарифи худ пурқувваттар будем. Лаҳзаҳои зиёди голзаниро созмон додем. Бачаҳо хоҳиши зиёди ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа баромаданро доштанд ва хушбахтона вазифаи дар наздашон гузоштаро иҷро карданд. Мо муваззаф будем, ки ба финали чемпионати футзали Осиё-2016 роҳхат бигирем.

– Оиди мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки бори аввал бо ҳайати нав – бе бозигарони футболи калон дар чунин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок дошт, чӣ гуфтаниҳо доред?  

– Ман танҳо гуфта метавонам, ки ин иқдом дуруст аст. Дер ё зуд бояд чунин мешуд. Тамоми ҷаҳон ба ин тарз бозӣ мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон – дастаи хуб аст, бозигаронаш ҷавон ҳастанд. Онҳо айни ҳол дар оғози роҳ мебошанд. Фикр мекунам, ки ояндаи хуб доранд.

– Рафти ташкили марҳилаи интихобии мусобиқа дар Хуҷанд, шуморо қонеъ месозад?

– Бале. Мусобиқа дар сатҳи баланди омодагӣ сурат гирифт. Нисбати ҳайати намояндагии дастаи мо муносибат хайрхоҳона буд. Қасри хуб аст, паркети бозикунӣ ҳам замонавист, мухлисон бошанд шукӯҳи мусобиқаро афзун карданд.

Добавить комментарий