Ҳусейн Шодиев ҳайати мунтахаби миллиро номбар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳусейн Шодиев ҳайати мунтахаби миллиро номбар кард

Сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев ҳайати ахирии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 эълон кард. Мусобиқа аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон мегузарад.

Ба рӯйхати 14 нафар бозигароне, ки ба чемпионати Осиё-2016 ба Тошканд мераванд, 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдон шомиланд. Бояд қайд кард, ки дар ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон сармураббӣ Ҳусейн Шодиев тағийрот ворид кардаст. Шерзод Ҷумаев, Ораз Ализода, Фирдавс Тусматов ва Умедҷон Мирзораҳимов дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар Тошканд иштирок намекунанд. Умедҷон Мирзораҳимов бо сабаби осеб доштанаш имкони дар ин мусобиқа иштирок карданро надорад.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Осиё-2016 футзалистони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахабҳои Таиланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэи Чин (15 феврал) ҳастанд. Мувофиқи қуръакашӣ чор квартети чор дастагӣ созмон ёфтаст, ки аз ҳар кадоми онҳо ду дастаи ҷойҳои аввал ба марҳилаи чораякфиналӣ мебароянд. Дар сурати ба ин марҳила баромадани дружинаи Ҳусейн Шодиев рақиби онҳо яке аз мунтахабҳои гурӯҳи «D» мешавад. Дар гурӯҳи «D» мунтахабҳои миллии футзали Япония, Австралия, Малайзия ва Қатар баромад мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки панҷ мунтахаби футзали беҳтарини чемпионати Осиё-2016 соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали ҷаҳон-2016 мешаванд. Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия доир хоҳад шуд.

 

Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Аликулов («Газпром»), Фирӯз Юсуфзода («Соро компания»);

Бозигарони майдон: Мансур Мамедбабаев («Бонки миллӣ»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳар ду аз ТКБ «Лизинг»), Арсен Фармонбеков, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов, Раҳмоналӣ Шарипов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Дилшод Саломов, Меҳрубони Тиллозода (ҳар ду аз «Газпром»), Акбарҷон Ортуқов («Соро компания»).

Добавить комментарий