Урдун – Тоҷикистон: мунтахаби мо бо либосҳои сурх бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Урдун – Тоҷикистон: мунтахаби мо бо либосҳои сурх бозӣ мекунад

Дар арафаи баргузории бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни тимҳои миллии Урдуну Тоҷикистон дар конфронс-толори  меҳмонхонаи “Реҷенси палас”-и Амман ҷаласаи машваратӣ бо иштироки намояндагони дастаҳо ва хадамотҳои масъули баргузории бозӣ доир шуд.

Дар баробари дигар мавзӯҳои ҷорӣ, инчунин мавзӯи сару либоси бозигарон дар боҳзии пагоҳӣ баррасӣ шуд. Муқаррар гардид, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳамчун дар бозӣ бо Қирғизистон бо либоси сурх ва соҳибони майдон, бозигарони мунтахаби миллии Урдун бо либоси сафед  ба майдон мебароянд. Дарвозабони мо бо свитери кабуд ва дарвозабони Урдун бо свитери сиёҳ вориди майдони сабзи Варзишгоҳи байналмилалии Амман мешаванд.

Ёдрас менамоем, ки бозии даври шашуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни тимҳои миллии Урдуну Тоҷикистон рӯзи сешанбеми 13 октябр дар Варзишгоҳи байналмилалии Амман баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19.00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21.00 ба вақти Душанбе).

Добавить комментарий