Қуръакашии тақвими лигаи якуми Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии тақвими лигаи якуми Тоҷикистон

Дар конфронс-толори Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апрел, қуръакашии тақвими сабқати лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар мавсими имсола дар лигаи якуми мамлакат 13 даста иштирок мекунанд. Мусобиқа дар ду қисм баргузор мешавад. Дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон: «Саройкамар» (Панҷ), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Эсхата» (Хуҷанд), МТО (Хуҷанд), «Канд» (Конибодом), «Зарафшон» (Панҷакент), «Локомотив» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Чашма» (Шаҳритус) ва «Умед» (Душанбе), ки аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон созмон дода шудаст.

Мувофиқи рақамҳои тартибии дар рафти қуръакашӣ соҳибшудаашон, тақвими мусобиқа мураттаб гардонида шуд.

Ҳамин тариқ, дар даври якуми мусобиқа, ки рӯзи 1-уми май баргузор мешавад, дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд:

МТО (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Локомотив» (Душанбе)

«Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара)

«Умед» (Душанбе) – «Ҳулбук» (Восе)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) – «Зарафшон» (Панҷакент)

«Кӯктош (Рӯдакӣ) – «Чашма» (Шаҳритӯс)

Тақвими пурраи мусобиқа андактар нашр мешавад.

Добавить комментарий