Қуракашии тақвими лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Қуракашии тақвими лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуд

Дар қароргоҳи  Федартсияи футболи Тоҷикистон қуракашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум гузаронида шуд.

Чемпионати имсола ду марҳаларо дар бар мегирад ва дар он 12 даста ширкат меварзад.

Ба ҳамин тартиб дар мавсими нави футбол дар лигаи якум дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Зарафшон» (Панҷакент), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Парвоз», «Сомон» (Данғара), «Эсхата» (Хуҷанд), «ФК-83» (Душанбе), «Зарбдор» (Исфара) ва «Саройкамар» (Панҷ) барои медалҳо мубориза мебаранд.

Дастаҳо аз рӯи интихоби рақамҳо ҷои худро дар қуракашӣ муайян карданд ва он ба таври зайл матраҳ шудааст.

1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

2. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3. «Равшан» (Кӯлоб)

4. «Зарафшон» (Панҷакент)

5. «Ваҳдат» (Ваҳдат)

6. «Парвоз»

7. «Ҳулбук» (Восеъ)

8. «Сомон» (Данғара)

9. «Эсхата» (Хуҷанд)

10. «ФК-83» (Душанбе)

11. «Зарбдор» (Исфара)

12. «Саройкамар» (Пянҷ)

Тибқи қуракашӣ дар даври якуми мусобиқа, ки миёнаҳои моҳи апрел шурӯъ мегардад, дастаҳои зерин бо ҳам қувва меозмоянд:

«Локомотив-Помир» – «Саройкамар»

«Кӯктош» – «Зарбдор»

«Равшан» – «ФК-83»

«Зарафшон» – «Эсхата»

«Ваҳдат» – «Сомон»

«Парвоз» – «Ҳулбук»

Қуракашии даврҳои минбаъда аз рӯи низоми Бергер гузаронида мешаванд ва ҳар як даста дар мавсим 22 вохӯрӣ барпо менамояд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи ғолиб-соҳиби ҷои аввал ба Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ роҳхат мегирад, соҳиби ҷои дуввум бо дастаи мақоми охирини лигаи олӣ дар бозии гузариш иштирок мекунад ва ғолиб дар мавсими футболи соли 2018 ба қатори дастаҳои Лигаи олӣ шомил мешавад.

Добавить комментарий