Қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон доир гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон доир гардид

Имрӯз, 16 июл, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат куръакашии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми миллӣ баргузор шуд.

Дар ин марҳилаи мусобиқа 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 ластаи лигаи якум ширкат мекунанд. Мувофиқи куръакашӣ барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ва ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионат “Хайр”-и Ваҳдат ба гурӯҳҳои алоҳида партофта шуданд.

Мувофиқи қуръакашӣ дар марҳилаи якҳаштниҳоӣ ҷуфтҳои зерин созмон дода шуданд:

«Истиқлол» (Душанбе) – «Парвоз» (Бобоон Ғафуров)

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Канд» (Конибодом)

«Помир» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Исфара» (Исфара)

«Панҷшер» (Румӣ) – КМВА «Помир» (Душанбе)

«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) – «Барқи тоҷик» (Душанбе)

«Чашма» (Шаҳритӯс) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Хайр» (Ваҳдат)

Бозиҳои якуми 1/8 финал рӯзҳои 25-26 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 4-5 август доир мешаванд.

Ёдрас месозем, ки ҷоизапулии Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом бо 40 ҳазор сомонӣ ва дастаи финалист бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми миллии мамлакат рӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2015

1/8 финал. Бозиҳои якум

25 июл (шанбе)

Оғоз соати 18:00

  1. «Истиқлол» — «Парвоз»
  2. «Хуҷанд» — «Канд»
  3. «Панҷшер» — КМВА «Помир»
  4. «Саройкамар» — «Хайр»

 

26 июл (якшанбе)

Оғоз соати 18:00

  1. «Помир» — «Равшан»
  2. «Вахш» — «Исфара»
  3. «Далерон-Уротеппа» — «Барқи тоҷик»
  4. «Чашма» — «Регар-ТадАЗ»

 

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

4 август (сешанбе)

Оғоз соати 17:00

  1. «Канд» — «Хуҷанд»
  2. «Барқи тоҷик» — «Далерон-Уротеппа»

 

5 август (чоршанбе)

Оғоз соати 17:00

  1. «Регар-ТадАЗ» — «Чашма»
  2. «Парвоз» — «Истиқлол»
  3. «Равшан» — «Помир»
  4. «Исфара» — «Вахш»
  5. КМВА «Помир» — «Панҷшер»
  6. «Хайр» — «Саройкамар»

Добавить комментарий