Қуръакашии Ҷоми «Истиқлол» рӯзи 4-уми август дар ФФТ доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии Ҷоми «Истиқлол» рӯзи 4-уми август дар ФФТ доир мешавад

Қуръакашии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд, ки ҷоизапулияш 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад, рӯзи 4-уми август, соати 10.00  дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Қарори мазкур дар ҷаластаи машваратӣ, ки имрӯз бо иштироки намояндагони дастаҳои иштирокчии мусобиқа дар ФФТ бургузор шуд, қабул гардид. Дар рафти машварат намояндагони дастаҳо ба низомномаи баргузории мусобиқа шинос шуда, дар чанд маврид назари худро баён намуданд.

Ба гуфти ташкилкунандагони мусобиқа Ҷоми имсолаи клуби футболи «Истиқлол» санаи 8-уми август дар майдончаҳои футболбозии хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ хоҳад шуд. Қарор карда шуд, ки бозиҳо дар рӯзҳои корӣ фақат бегоҳӣ доир мешаванд, ки дар чунин вақт барои иштирокчиён мувофиқ аст.

Айни ҳол 20 даста иштироки худро дар чорумин Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» тасдиқ кардаст. Дастаҳое, ки боз хоҳиши иштирок кардан дар ин мусобиқаро доранд, метавонанд ба ин 20 даста ҳамроҳ шаванд.

Ёдрас мешавем, дар мусобиқаи имсола, ки  ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида мешавад, дастаҳои футболи вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, ташкилоту муассисаҳо, идораҳои бонкӣ, сафоратхонаву намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ метавонанд ширкат варзанд. Маблағи ҳақи иштирок дар мусобиқаи имсола 3 ҳазор сомонӣ муқаррар шудаст. Ба мусобиқа футболбозони аз 24 сола боло роҳ дода мешаванд. Бозигарони касбӣ, ки дар дастаҳои футболи лигаҳои олӣ, якум ва дуюм, ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои футболи лигаи олӣ, инчунин дар дастаҳои касбии футзали Тоҷикистон баромад мекунанд, ҳуқуқи дар ин сабқат иштирок карданро надоранд.

Ҷоизапулии имсолаи «Ҷоми Истиқлол-2016» 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва маблағ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, дастаи финалист бо 20 ҳазор ва дастаи мақоми сеюм бо 10 ҳазор сомонӣукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳо ва бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қуръакашии Ҷоми имсолаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» рӯзи панҷшанбеи 4-уми август, соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14/3 баргузор мешавад.

Кумитаи тадорукотии «Ҷоми Истиқлол – 2016»  ҳамаи дастаҳои хоҳишманду рағбатдорро барои иштирок дар мусобиқаи имсола даъват мекунад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонии 98-735-11-11 (рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий