Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2016 рӯзи 17 май доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2016 рӯзи 17 май доир мешавад

Рӯзи сешанбеи 17 май, дар маҳлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2016 доир мешавад. Оғози чорабинӣ соати 10:00.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои лигаи якуми мамлакат иштирок мекунанд. Бозиҳои аввал рӯзҳои 24-25 май, бозиҳои ҷавобӣ бошанд рӯзҳои 31 май ва 1- июн доир хоҳанд шуд.

Дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа аз бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд. Бозиҳои ин марҳила рӯзҳои 23-24 ва 30-31 июл баргузор мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки баргузории бозии ниҳоии Ҷоми имсолаи миллӣ рӯзи панҷшанбеи 6 ноябр ба қайд гирифта шудаст.

Добавить комментарий