Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон баргузор гардид

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 1 апрел қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон доир шуд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон аз 4 то 9 апрел доир мегардад ва дар он ҳашт даста иштирок мекунад. Аз рӯи натиҷаи қуръкашӣ ба гурӯҳи “А” дастаҳои футзали “ДИСИ Инвест”, “Натсбанк” (ҳар ду аз Душанбе), «Эсхата» (Кӯлоб) ва “Сипар” (Хуҷанд) шомил шуданд. Дастаҳои футзали “ДИСИ Инвест-2”, “Соро компания” (ҳар ду аз  Душанбе), “Самандар” (Турсунзода) ва “Чортан” (Кӯлоб) ба гурӯҳи “Б” дохиланд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ лар як қисм вомехӯранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда доир мешаванд. Ҳамаи бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (микрорайони 46) доир мешаванд.

 

Тақвими бозиҳои финалии Ҷоми футзали Тоҷикистон:

Даври 1-ум

4 апрел (душанбе)

9:00 – «ДИСИ Инвест» – «Эсхата»  

10:00 – «Натсбанк» – «Сипар»

11:00 – «ДИСИ Инвест-2» – «Самандар»

12:00 – «Соро компания» – «Чортан»

 

Даври 2-юм

5 апрел (сешанбе)

9:00 – «ДИСИ Инвест-2» – «Чортан»

10:00 – «Соро компания» – «Самандар»

11:00 – «ДИСИ Инвест» – «Сипар»

12:00 – «Эсхата» – «Натсбанк»

 

Даври 3-юм

6 апрел (чоршанбе)

9:00 – «Сипар» – «Эсхата»

10:00 – «Натсбанк» – «ДИСИ Инвест»

11:00 – «Чортан» – «Самандар»

12:00 – «Соро компания» – «ДИСИ Инвест-2»

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

8 апрел (ҷумъа)

9:00 – 1 «А» – 2 «Б»

10:00 – 1 «Б» – 2 «А»

 

Финал

9 апрел (якшанбе)

11:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «Б» – Ғолиби 1 «Б»/2 «А»

Добавить комментарий