Қуръакашии бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон 16 июл доир мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон 16 июл доир мегардад

Қуръакашии бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 16 июл, соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат доир хоҳад шуд.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дархости дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми миллиро ба инобат гирифта санаи баргузории бозиҳои марҳилаи мазкурро тағийр кард.

Бозиҳои аввал, ки қаблан баргузорияшон рӯзҳои 4-5 июл ба нақша гирифта шуда буд, рӯзҳои 25-26 июл доир хоҳанд шуд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 4-5 август гузаронида мешаванд.

Ба ин тартиб, баъди бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионат байни дастаҳои лигаи олӣ ва даври ҳафтум миёни дастаҳои лигаи якум, ки рӯзҳои 27-28 июн доир мешаванд, дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва сабқати лигаи якуми кишвар танаффуси якмоҳаи тобистона ҷорӣ мешавад.

Дар ин байн бозии даври нуҳӯми чемпионати Тоҷикистон миёни “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Хайр”-и Ваҳдат, ки мувофиқи тақвим бояд рӯзи 27 июн доир мешуд, ба як рӯз ба баъд, яъне ба рӯзи 28 июн гузаронида шуд. Бозии ҳайатҳои ҷаонони ин дастаҳо рӯзи 27 июн баргузор мешавад.

Добавить комментарий