Мақоли халқие ҳаст, ки мегӯяд: «Ҷои муқаддас дер холӣ намемонад» ва курсии холишудаи сармураббии КМВА «Помир» ҳам бисёр зиёд холӣ намонд. Ба ҷои Раҳматулло Фузайлов, ки бо сабаби баромади ғайриқаноатбахши КМВА «Помир» дар нимаи аввали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба истеъфо фиристонда шуд, мутахассиси шинохта, яке аз нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи мунтахаби миллии кишвар Тоҳир Муминов сармураббӣ таъин гардид.
Охирин ҷои кори Тоҳир Муминов бошгоҳи футболи «Равшан»-и Кӯлоб буд. Муминов дастаи футболи шаҳри ҷанубии мамлакатро миёнаҳои мавсими футболи соли гузашта қабул карда, бо «Равшан» барандаи медалҳои биринҷии чемпионат шуд. Баъд аз иваз шудани ҳайати роҳбарикунандаи клуби футболи «Равшан» дар аввали мавсими имсола бошад, Тоҳир Муминов низ дастаро тарк кард.
Мутахсассиси 45 солаи Тоҳир Ммумминов инчунин собиқаи фаъолият дар бошгоҳҳои футболи «Фаррух» (Ҳисор), «Энергетик» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтепа), «Хайр» (Ваҳдат), «Симурғи Албурз» (Афғонистон) ва инчунин мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16)-ро дорад.
Бозии аввали худро дар вазифаи сармураббии КМВА «Помир» Тоҳир Муминов рӯзи якшанбе мегузаронад. Дар ин рӯз дар доираи марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми миллӣ КМВА «Поммир» дар сафар муқобили «Регар-ТадАз» бозӣ мекунад.