Дар арафаи баргузории бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни мунтахабҳои миллии Бангладеш ва Тоҷикистон имрӯз, 6 июн, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Бангладеш дар Дакка ҷаласаи машваратии пеш аз бозӣ баргузор шуд.
Дар машварат, дар баробари дигар мавзуҳои ҷорӣ, инчунин мавзуи сарулибоси бозикунии футболбозон низ баррасӣ гардида, қарор шуд, ки Тоҷикистон бо футболкаҳои сафед ва шорту гетриҳои сурх баромад мекунад. Дарвозабони мо бо либосҳои кабуд бозӣ хоҳад кард. Соҳибони майдон мунтахаби Бангладеш бошад бо либосҳои сабз ва дарвозабони даста бо либосҳои сиёҳ вориди майдони сабзи Варзишгоҳи миллии Бангабанду мешаванд.
Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ, инчунин хабар дода шуд, ки алоқамандона ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон Федератсияи футболи Бангладеш тасмим гирифт, ки бозиро ним соат пеш аз вақти қаблан ба нақшагирифташуда оғоз намояд. Ба ин тартиб, бозӣ соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввал дар Душанбе бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.