Тоҷикистон мизбони чемпионати минтақавии Осиё мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон мизбони чемпионати минтақавии Осиё мешавад

Конфедератсияи футболи Осиё, Тоҷикистонро макони баргузории чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни дастаҳои футболбоздухтарони зери 14-сола тасдиқ кард.

Қирғизистон, Бангладеш, Непал ва Шри-Ланка муддаиёни мизбонии ин сабқат ҳисоб мешуданд, аммо Конфедератсияи футболи Осиё қарор кард, ки мусобиқа дар Тоҷикистон гузаронида шавад.

Чемпионати минтақавии Осиё аз 18 апрел то 1 майи соли оянда баргузор мешавад. Бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ва Академияи футболи «Истиқлол» дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор доир мегарданд. Дар мусобиқа иштироки дастаҳои мунтахаби миллии футболбоздухтарони зери 14-солаи Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутан, Молдив, Непал ва Шри-Ланка иштирок дар назар дошта шудаст.

Дар давраи баргузории мусобиқа, инчунин курси байналмилалӣ барои доварони ҷавон низ баргузор хоҳад шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли оянда ба ғайр аз чемпионати минтақавии Осиё-2016 миёни футболбоздухтарон,  дар Тоҷикистон, инчунин Фестивали минтақавии КФО барои мунтахабҳои наврасони зери 14 солаи кишварҳои Осиёҳои Марказӣ ва Ҷанубӣ низ доир мешавад. Фестивали мазкур миёни наврасон аз 18 то 31 май доир хоҳад шуд.

Добавить комментарий