Тоҷикистон дар сонияҳои охир ғалаба бар Қирғизистонро аз даст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон дар сонияҳои охир ғалаба бар Қирғизистонро аз даст дод

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон дар Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзокови шаҳри Бишкек бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Бозӣ дар ҳузури 17 600 нафар тамошобинон доир гардид.

Ҳисобро дар дақиқаи ҳафтуми вохӯрӣ соҳибони майдон боз карданд. Аз хатои муҳофизони мо истифода карда, Бахтиёр Дуйшебеков дарвозаи Алишер Тӯйчиевро рахна сохт.

Баъд аз ду дақиқа ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон, яке аз бозигарони калидии даста, ниммуҳофиз Нуриддин Давронов осеб бардошт ва ситоди мураббиён ӯро иваз намуда, ба майдон Сиёвуш Асроровро баровард.

Дар дақиқаи 65-уми бозӣ футболбозони мо ба баробар кардани ҳисоб муваффақ шуданд. Голро ҳамлагари даста Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. Дар дақиқаи 70-уми бозӣ баъд аз зарбаи сахти Дилшод Восиев тӯб ба дасти муҳофизатгари мунтахаби Қирғизистон бархӯрд ва сардовар зарбаи пеналти таъин намуд. Пеналтиро Аҳтам Назаров ба самар расонида, мунтахаби моро ба пеш баровард.

Ба ин тартиб, бозӣ ба анҷом мерасид ва мунтахаби мо наздик буд, ки ғалабаи бисёр муҳим ва заруриро соҳиб шавад. Аммо дар дақиқаи охири изофии ба вақти вохӯрӣ иловашуда, сардовари бозӣ бо маслиҳати довари канори майдон ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ҷаримаи пеналти таъин намуд. Ин лаҳза воқеан ҳам баҳсбарангез буд ва муҳофизи марказии мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев кӯшиши ба сардовари вохӯрӣ фаҳмонидани онро кард. Аммо довари эронӣ ҳукмашро тағийр накарда, бар илова барои рафтори ғайриварзишӣ ба Восиеви хурдӣ корти сурх дод. Зарбаи ҷаримавиро Антон Землянухин ба самар расонида, ҳисобро баробар 2 бар 2 кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун дар майдони худ бар чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, баъди панҷ давр дар гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун бо 10 имтиёз ба зинаи аввал баромад. “Кенгуру”-ҳо бо 9 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. Мунтахаби Қирғизистон бо 5 имтиёз ҷои сеюм ва тими миллии мо ҳамагӣ бо 2 имтиёз зинаи чоруми гурӯҳро ишғол мекунад. Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи аз ҳама охири ҷадвали гурӯҳи “В” қарор дорад.

Даври навбатӣ дар гурӯҳи “В” рӯзи 13 октябр баргузор мешавад. Дружинаи Мубин Эргашев дар доираи бозиҳои ин даври мусобиқа дар Амман бо пешсафи гурӯҳ, мунтахаби Урдун рақобат мекунад. Қирғизистон бошад дар майдони худ Бангладешро қабул мекунад.

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «В». Даври 5-ум

Қирғизистон ТОҶИКИСТОН – 2:2

Голҳо: Бахтияр Дуйшебеков, 7 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (1:1). Аҳтам Назаров, 71 – аз пеналти (1:2). Антон Землянухин, 90+7 – аз пеналти (2:2).

ҚирғизистонПавел Матяш, Даниэл Тэго, Курсанбек Шератов (Шерзот Шакиров, 76), Виктор Майер, Азамат Байматов, Мирлан Мурзаев, Виталий Люкс (Илдар Амиров, 80), Бахтияр Душебеков, Фархат Мусабеков, Антон Землянухин, Эдгар Бернхардт (Азиз Сидиқов, 46).

Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Фарҳод Восиев, Давронҷон Эргашев (Фаридун Шарипов, 84), Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 11), Хуршед Маҳмудов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев (Нозим Бобоҷонов, 77), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Бахтияр Дуйшебеков (Қирғизистон), Фарҳод Восиев, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шудФарҳод Восиев (Тоҷикистон), 90+6 – барои рафтори ғайриварзишӣ.

Сардовар: Муд Бонядифард (Эрон).

Комиссари бозӣСивакумар (Сингапур).

8 октябр. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков. 17 600 тамошобинон.

 

Урдун – Австралия 2:0

ГолҳоҲасан Абдел Фаттах, 47 – аз пеналти (1:0). Ҳамза Ал-Дарадре, 90+4 (2:0).

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Урдун 4 3 1 0 9-1 10
2 Австралия 4 3 0 1 10-3 9
3 Қирғизистон 4 1 2 1 6-5 5
4 ТОҶИКИСТОН 4 0 2 2 4-9 2
5 Бангладеш 4 0 1 3 2-13 1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

 

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

 

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

 

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

 

Даври 10-ум

29 март (вторник)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

Добавить комментарий