Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА боз поин рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА боз поин рафт

Тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА даҳ зина поин шуд ва дар мақоми 158-ум қарор дорад. Дар раддабандии нави ФИФА, ки 6 август нашр шудааст, дружинаи мо бо 159 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ даҳ зина поин рафта ва ҷойи 158-умро касб кардааст.

Мунтахаби Аргентина бо 1425 имтиёз дар ин феҳрист дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1244) дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Олмон (1226) дар ҷойи севум аст. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Португалия, Руминия, Инглистон, Уэлс ва Чили дохиланд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё шаш зина поин шуд (ҷойи 29-ум).

Дар байни 15 кишвари Шӯравии собиқ Тоҷикистон дар зинаи охирин аст:

30 (27). Украина — 791 (791)

31 (28). Русия — 782 (782)

76 (75). Узбекистон — 452 (453)

78 (82). Эстония — 420 (420)

86 (87). Латвия — 377 (377)

88 (89). Арманистон — 373 (373)

96 (100). Беларус – 341 (341)

106 (108). Озарбойҷон — 302 (302)

107 (110). Литва — 301 (301)

127 (124). Молдова — 236 (236)

141 (142). Қазоқистон — 193 (193)

149 (152). Туркманистон — 172 (167)

154 (153). Гурҷистон— 165 (165)

156 (157). Қирғизистон — 160 (160)

158 (148). Тоҷикистон — 159 (181)

Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 61-ум, Урдун – ҷойи 92-юм, Қирғизистон – ҷойи 156-ум, Бангладеш – ҷойи 170-ум.

Ёдовар мешавем, бозии даври навбатии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 3 сентябр нашр мешавад.

Добавить комментарий