Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, ки имрӯз, 3 март, нашр шудааст, ду зина поин шуд ва дар байни 209 кишвар дар мақоми 150-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон 193 имтиёз дорад. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мисли пешин мақоми 26-умро касб кардааст.
Дар феҳристи нави ФИФА мунтахаби Белгия бо 1506 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1457 имтиёз) дар ҷойи дувум ва Испания (1374 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Русия (23-юм) ва Украина (27-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (74), Қирғизистон (105), Туркманистон (113) ва Қазоқистон (125) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.
Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.