Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 19 зина боло шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 19 зина боло шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии нави худро интишор кард, ки дар он Тоҷикистон дар байни 209 кишвар бо 220 имтиёз нуздаҳ зина боло рафт ва дар мақоми 145-ум қарор гирифт.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё мақоми 23-юмро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум ва Узбекистон дар ҷойи севум мебошанд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1585 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1401 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1331 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Украина (30-юм) ва Русия (38-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбекистон (56), Қазоқистон (97), Қирғизистон (104) ва Туркманистон (120) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Дружинаи Ҳаким Фузайлов, ки моҳи гузашта дар ду бозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби миллии Бангладешро дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:0 ва дар Дакка бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, соҳиби 70 имтиёз гардид ва мавеашро дар раддабандии ФИФА хеле беҳтар кард.

Бозии наздиктарини мунтахаби Тоҷикистон 6 сентябр дар Хеврон муқобили тими миллии Фаластин, ки дар раддабандии ФИФА дар мақоми 114-ум (326 имтиёз) қарор дорад, баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Феҳристи ФИФА 11 август нав карда мешавад.

Добавить комментарий