Тоҷикистон бо мунтахабҳои Сурия ва Туркманистон бозиҳои дӯстона мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон бо мунтахабҳои Сурия ва Туркманистон бозиҳои дӯстона мекунад

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати баргузории бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии кишвар бо мунтахабҳои Сурия ва Туркманистон ба мувофиқа расид.

Вохӯрӣ байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия рӯзи 27 август дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мегузарад. Варзишгоҳи мазкур дорои 25 ҳазор ҷои нишаст мебошад. Мувофиқи раддабандии охиринтишоршудаи ФИФА мунтахаби Сурия мақоми 104-умро ишғол мекунад. Рӯзи 1-уми сентябр мунтахаби Сурия дар доираи бозиҳои даври якуми марҳилаи сеюми квалификатсионии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Тошканд бо мунтахаби Узбекистон вомехӯрад.

Инчунин, мунтахаби Тоҷикистон бо Туркманистон, ки дар раддабандии ахирии ФИФА дар ҷои 120-умро ишғол мекунад, бозии дӯстона хоҳад кард. Ин бозӣ рӯзи 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Ба ғайр аз бозиҳо бо Сурияву Туркманистон дружинаи Ҳаким Фузайлов ду бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин мегузаронад. Мунтахаби Фаластин дар раддабандии ФИФА дар мақоми 114-ум қарор дорад. Бозии якум бо Фаластин рӯзи 6 сентябюр дар варзишгоҳи «Дура» дар Хеврон ва бозии дуюм рӯзи 3-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳанд шуд.

Бозӣ бо мунтахаби Афғонистон, ки баргузории он рӯзи 1-уми сентябр дар Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ба нақша гирифта шуда буд, бо хоҳиши тарафи Афғонистон ба вақти дигар гузаронида шуд.

 

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ:

27 август (шанбе)

ТОҶИКИСТОН – Сурия

Хуҷанд,варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

6 сентябр (сешанбе)

Фаластин – ТОҶИКИСТОН

Хеврон,варзишгоҳи «Дура»

 

3 октябр (душанбе)

ТОҶИКИСТОН – Фаластин

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

9 ноябр (чоршанбе)

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий