Тоҷикистон бо либоси сафед, Сурия бо либоси сурх бозӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон бо либоси сафед, Сурия бо либоси сурх бозӣ мекунанд

Пагоҳ, 31-уми март, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии байналмилалии дўстонаи мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия доир мешавад. Дар ин бозӣ мунтахаби мо либосҳои сафед ва тими Сурия бо либосҳои сурх бозӣ мекунад.

Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон бо сару либоси зард, дарвозабони Сурия бошад бо свитери кабуд ва шорту гетриҳои сиёҳ ба майдон мебароянд.

Либосҳои бозигарии дастаҳо, дар машварати пешазбозии намояндагони ҳар ду даста, имрўз, 30-юми март, дар конфронс-толори «Брюссел»-и меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» зери роҳбарии комиссари бозӣ Давлатманд Исломов тасдиқ шуд.

Дар ин машварат Давлатманд Исломов менеҷери дастаҳоро огоҳ намуд, ки мутобиқи қарори ФИФА дар бозиҳо бо иштироки тимҳои миллии кишварҳо, ҳар як даста имконият дорад, ки дар давоми вохўрӣ на бештар аз шаш нафар бозигарро иваз намояд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии дўстона миёни тимҳои милии Тоҷикистону Сурия пагоҳ, 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Оғи бозӣ соати 17.30.

Сарпарастони расмии вохўрӣ  бонки «Access Bank Tajikistan», ширкати нўшокиҳои нерўбахши XL ва хонаи ҷавоҳироти «Тоҷи заррин» мебошанд. Чиптаҳои бозӣ дар хазинаҳои варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аллакай ба фурўш бароварда шуданд. Нархи як чипта 10 сомонӣ аст. Баъд аз анҷоми вохўрии дўстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Сурия бозии лотореяи варзишӣ  доир мешавад. Бурди олӣ – автомобили тамғаи «Мерседес-Бенс»!  Ба ҳар як нафаре, ки чиптаи бозиро харидорӣ мекунад, як дона банкачаи нўшокии нерўбахши   XL тўҳфа карда мешавад. Тарафи дигари чипта дар шакли коғази қимтанок ҳаккокӣ шудааст, ки бо он ҳангоми харидорӣ аз хонаи ҷавоҳироти «Тоҷи заррин», 100 сомонӣ тахфиф мешавад.

Добавить комментарий