Тоҷикистон бо либоси сафед бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон бо либоси сафед бозӣ мекунад

Дар машварати анънавии пеш аз бозӣ, ки имрӯз, 15 июн дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Бангладеш баргузор шуд, менеҷерҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш ранги либосҳои бозигарии дастаҳоро интихоб карданд.

Тими миллии Тоҷикистон бо либосҳои сафед ва соҳибони майдон бо либосҳои сурх вориди майдон мешаванд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни тимҳои миллиии Бангладешу Тоҷикистон рӯзи 16 июн дар Варзишгоҳи миллии Дакка соати 17.00 бо вақти маҳаллӣ (соати 16.00 бо вақти Душанбе) доир мешавад.

Добавить комментарий