Тоҷикистон бо либосҳои сафед ва Қирғизистон бо либосҳои сурх бозӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон бо либосҳои сафед ва Қирғизистон бо либосҳои сурх бозӣ мекунанд

Дар арафаи баргузории бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон, дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” машварати пеш аз бозӣ доир шуд.

Дар ҷаласаи машваратӣ  намояндагони ҳар ду даста, комиссар ва нозири бозӣ, ҳайати доварон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон  ва инчунин дигар масъулони баргузори вохӯрӣ иштирок намуданд.

Дар машварат, дар баробари дигар мавзӯҳои ҷорӣ, инчунин ранги либосҳои бозикунии бозигарони дастаҳо низ муайян карда шуд. Муқаррар гардид, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон бо либосҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои рангаш сурх бозӣ хоҳанд кард. Дарвозабони мо бо либосҳои рангаш кабуд ва дарвозабони мунтахаби Қирғизистон бо либосҳои рангаш зард ба майдон мебароянд.

Баъд аз чанд лаҳза  дар конфронс-толори “Брюссел”-и меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарии расмӣ бо иштироки сармураббиён ва як нафарӣ бозигарони ҳар ду даста доир мешавад. Аввалӣ шуда ба суолҳои хабрнигорон сармураббии тими миллии Қирғизистон Александр Крестинин ва дарвозабони даста Валерий Кашуба, ки соли гузашта дар “Хуҷанд” баромад мекард, посух медиҳанд. Баъд аз он дар нишасти хабарӣ ба пурсишҳои хабарнигорон мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон Роман Пилипчук ва ниммуҳофизи даста Нуриддин Давронов ҷавоб хоҳанд дод.

Бегоҳӣ бошад мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрини пеш аз бозияшонро мегузаронанд. Мунтахаби миллии мо соати 17:00 ва тими мещмон бошад соати 18:00 ба тамрин шурӯъ мекунанд. Понздаҳ дақиқаи аввали ин машғулиятҳо барои кормандони ВАО ба таври кушода доир хоҳад шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи сешанбеи 29 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Нархи билетҳои бозӣ  барои нишастгоҳҳои (VIP) 50 сомонӣ ва барои дигар минбарҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудаст.

Добавить комментарий