Тоҷикистон – Австралия: нишасти хабарии пеш аз бозӣ пагоҳ дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси” доир мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон – Австралия: нишасти хабарии пеш аз бозӣ пагоҳ дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси” доир мегардад

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон! Пагоҳ, 7-уми сентябр, дар арафаи бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия  дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” (конфронс толори Брюссел, ошёнаи 1-ум) нишасти хабарӣ доир мешавад.

Дар нишасти хабарӣ ба пурсишҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо Мубин Эргашев ва Ангелос Постекоглу посух медиҳанд. Инчунин ба ин нишасти хабарӣ як нафарӣ бозигарони дастаҳо низ даъват мешаванд.

Ҳамаи кормандони ВАО-ро барои иштирок дар ин нишасти хабарӣ даъват менамоем. Оғози нишасти хабарӣ соати 11:00.

Барои маълумоти муфассалтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 ба роҳбари дафтари матбуоти ФФТ Фаридун Солиев дар тамос шавед.

Добавить комментарий