То бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-23) миёни дастаҳои Тоҷикистон – Лаос се рӯз боқӣ монд – Федерация Футбола Таджикистана

То бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-23) миёни дастаҳои Тоҷикистон – Лаос се рӯз боқӣ монд

Дар Душанбе имрӯз, 6-уми сентябр марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе дастаҳои Лаос ва Австралия вомехӯранд.

Дар даври дуюм рӯзи 9 сентябр, дар Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тими олимпии мо бо дастаи Лаос бозӣ мекунад.

Дар даври ниҳоӣ, 12-уми сентябр дастаҳои Тоҷикистон ва Австралия нерӯ месанҷанд.

Ҳамаи мухлисонро барои дастгирии футболбозони тоҷик даъват мекунем!

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I»

Даври 1

📅 6 сентябр (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

🇱🇦 Лаос – 🇦🇺 Австралия

 

Даври 2

📅 9 сентябр (шанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇦 Лаос

 

Даври 3

📅 12 сентябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

🇦🇺 Австралия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед