Тими миллии Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъиро дар Дубай идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъиро дар Дубай идома медиҳад

Мунтахаби Тоҷикистон пас аз як рӯзи истироҳат машқро дар ҷамъомади тамринии Дубай идома медиҳад.

Дар рӯзи ҳаштуми ҷамъомади тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон як тамрин гузаронд. Дар майдон 22 бозигар ва се дарвозабон ҳозир буд. Имрӯз нимҳимоятгари дастаи «Кедах»-и Малайзия Амирбек Ҷӯрабоев ба ҳайат пайваст.

Парвизҷон Умарбоев ҳанӯз ба далели шамолхӯрӣ дар тамрин ширкат карда натавонист. Дарвозабон Рустам Ятимов аз рӯйи барномаи инфиродӣ таҳти назорати духтури тими миллӣ Фаррух Авезов кор мекунад.

Назари худро бинависед