Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» муқобили тими миллии Лубнонро бо либосҳои сафед анҷом медиҳад.
Имрӯз, 21 январ дар арафаи оғози вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади шаҳри Доҳа бо ширкати намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон фардо бо либоси сафед бозӣ мекунад. Тими миллии Лубнон бо либоси сурх ба майдон мебарояд.
Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон 22 январ дар варзишгоҳи Ҷоссим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.