Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022-ро бо муайян кардани беҳтаринҳо дар бахшҳои мухталифи соҳаи варзиш ҷамъбаст намуд.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки барои аввалин бор дар таърихи худ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва соли гузашта барандаи мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми шоҳи Тайланд» гардид, ҷоизаи беҳтарин дастаи соли 2022-ро соҳиб шуд. Ҷоизаи ифтихориро дар маросими ҷоизасупорӣ ба ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода супориданд.
Ҷудокор Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари соли 2022 дар навъи варзиши олимпӣ дониста шуд. Академияи бошгоҳи футболи «Ювентус»-и Душанбе дар номинатсияи «Беҳтарин иншооти варзишии Тоҷикистон» ғолиб шуд. «Беҳтарин шаҳри варзишии Тоҷикистон» шаҳри Душанбе эътироф гардид.